БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби ҳадафҳои олии ҲХДТ дар байни занони деҳот

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо  занони хонашини маҳаллаи  Саъдии Шерозии ҷамоати шаҳраки Қубодиён дар бораи вазъи занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат, ҷалби ҷавондухтарон ба таҳсил ва самтҳои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон дар оила вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ ба иштирокчиён фаҳмонида шуд, ки аз   ҷониби Раиси муаззами ҲХДТ таваҷҷуҳ ба занон дар ҳаёти сиёсии имрӯзаи кишвар, дар идоракунии давлат, вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани мақом ва манзалати занон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои махсуси соҳавӣ қабул ва амалӣ гардида истодаанд.        

Бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ   барои занону духтарон шароит фароҳам оварда шуда, занону ҷавондухтарон метавонанд бо омӯзиш ва рушд додани ҳунарҳои мардумӣ  шароити иқтисодии худ ва атрофиёнро бо ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ беҳбудӣ бахшанд.

Инчунин, ба иштирокчиён фаҳмонида дода шуд, ки барои давом додани таҳсили ҷавондухтарон дар муассисаҳои олии кишвар мусоидат намуда, дар омӯзиши касбу ҳунар барои фарзандони худ шароит фароҳам оваранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg