![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200821_093830.jpg?itok=Z2dpaYsq)
ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Аксияи ҳизбии таҳти унвони “Якҷоя месозем!” имрӯзҳо гӯшаву канори ноҳияи Ёвон бо роҳандозии корҳои созандагиву бунёдкорӣ ободу зебо гардида истодааст.
Бо дастгирии соҳибкори муваффақ ва ватандӯст, директори кулли ҶДММ “Джунгтсай Моҳир семент” Баҳриддин Ҷурахонов роҳҳои ноҳия, аз ҷумла роҳи дохили деҳаи Даҳанаи Ҷамоати деҳоти Даҳана пурра асфалтпӯш карда шудааст. Иқдомҳои созандаи соҳибкори ватанӣ давоми иқдомҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардида, кору пайкораш аз рисолати созандаи ҲХДТ маншаъ мегирад.