
ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ тибқи нақшаи корӣ оид ба пешгирӣ аз мавҷи дуюми бемории коронавирус ва ҷиҳати дар амал татбиқ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Тоҷикистон таъмини амнияти озуқавории кишвар дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “А. Раҷаб” корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “хона ба хона”-ро гузарониданд, ки аз натиҷаи чорабинии ҳизбӣ сокинон ба худ маълумоти зарурӣ пайдо карданд.
Дар рафти суҳбати фосилавӣ намояндагони ҳизбӣ вобаста ба иштироки фаъолона дар рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қоидаҳои беҳдошти дар хонадон, гигиенаи шахсӣ дар ҷойҳои серодаму ҷамъиятӣ, пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ ва бекор намондани ҳар ваҷаб заминҳои корамро баррасӣ карда, ба дарки ҳамагон расониданд. Инчунин, ба онҳо барои истифодаи ҳаррӯза маводҳои таблиғотиро дастрас намуда, таъкид карданд, ки ҳангоми дар худ мушоҳида кардани аломатҳои беморӣ ҳатман ба духтурони минтақавӣ муроҷиат намоянд.