ВОКУНИШ. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси он, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз талош бар он доранд, ки ҷиҳати амалишавии нақшаву барномаҳои муҳиму тақдирсоз тамоми нерую дониши худро сарф намоянд ва таҳти шиори барномаи амали худ “ Барои созандагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон” ба он мекушанд, ки ин ниҳоли дастҷамъона шинонидашуда – Истиқлолияти давлатӣ самараи дилхоҳ ба бор орад. Истиқлолият мисли дигар мафҳумҳои муқаддас барои халқу Ватан неъмати Худодод ба шумор рафта, он аз ворисонаш ғамхорию муносибати махсусро тақозо мекунад.
Тавре, ки Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, “Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол ва ду рукни меҳварии фарҳанги давлатдориву давлатсозии мо мебошанд, ки ҳамдигарро нерӯи тоза ва тақвият мебахшанд”.
Дар Анҷуми 13 –уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раиси мауззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҷомеа таъкид намуданд, ки фаромӯш набояд кард, ки тоҷикон таърихи исботшудаи беш аз панҷҳазорсола дошта, ҳанӯз пеш аз зуҳури ислом соҳиби фарҳанги асил ва анъанаҳои қадимаи давлатдорӣ буданд. Ҳарчанд давлати тоҷикон дар тӯли асрҳо борҳо мавриди ҳамла ва фишори аҷнабиён қарор гирифта буд, вале ниёгони мо маҳз ба шарофати забон ва фарҳанги бузурги худ тавонистаанд, анъанаҳои давлатдории хешро нигоҳ доранд ё онҳоро аз нав эҳё намоянд.
Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар асоси муқаррароти Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” фаъолияти сиёсии хешро пеш мебаранд. Шаклҳои асоси иштироки мардум дар ҳаёти сиёсӣ тараққӣ аъзогӣ дар ҳизби сиёсӣ ва иштирок дар интихобот амалӣ карда мешавад. Сиёсати бисёрҳизбӣ хоси сохти ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократии давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳизби аксарияти парлумонӣ, чун нерӯи сиёсии фаъолу бонуфуз дар байни мардум мақоми манзалат ва обрӯи калонро касб намудааст. Натиҷаи ҳамин иқдомҳои ватанпарастона буданд, ки обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ то рафт баландтар ва номи Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошад, дар қатори сиёсатмадорони бузурги замони муосир ҷой дода шудааст.
Мо фарзандони Ватани ягонаем ва манфиатҳои волои он барои мо аз манфиатҳои сиёсиву ҳизбӣ ва табақавиву хусусӣ болотар мебошанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро пандемияе бо номи коронавирус фаро гирифта, ҳамарӯза ҷони ҳазорон нафарро ба доми хеш мекашад. Оид ба пешгирӣ аз сироятёбӣ аз бемории коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои тахирнопазир амалӣ гардида, аз мо фаъолони ҲХДТ тақозо мегардад, ки миёни мардум корҳои таблиғотиро аз ин дида пурзӯр намоем, зеро ки пешгирӣ аз табобат беҳтар аст, гуфтаанд:
Мо ҳамарӯза шоҳиди он ҳастем, ки ҳизбиёни ноҳия дар дар бари табибон истода, баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус саҳмгузорӣ менамоянд. Ин шаҳодати он аст, ки ҲХДТ ҳизби халқ аст ва ҳадафи аслиаш хизмат намудан ба халқ мебошад.
Тоҷикистони азизи мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давраи сангини давлатдориро паси сар намуда, миллати тоҷикро бо заҳмату талошҳои фидокоронааш ба рӯзи саид расонидааст. Мо миллати тамаддунофари тоҷик бо такя ба идроку ҳушёрии фаъолону ҷонибдорони ҲХДТ итминон дорем ва умед дорем, ки мову шумо дар ҳамбастагӣ бемории сироятии коронавирусро низ ғолиб хоҳем омад. Ба рӯзҳои муқаррарӣ ба ва бидуни коронавирус хоҳем расид, дар ин роҳ ба ҳамаи шумо ҳамватанони азиз иродаи қавӣ, саломатӣ ва бурдбориҳоро таманно дорам.
Мо коллективи соҳаи тандурустии ноҳия доимо дар роҳи амалигаштани ҳадафу ормонҳои ҲХДТ ва маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода буда, амаламон содиқона ва қадамҳоямон устуворона мебошад.
Буриев Муҳамаддовуд, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон