БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЭТ ҲНИТ - намояндаи ДИИШ

ВОКУНИШ. Имрӯз мо ҳама шоҳиди вазъияти ноороми дунё ҳастем. Мутаасифона, бархе аз тоифаҳо динро василаи расидан ба мақсаду ҳадафҳои нопоки худ қарор додаанд ва ин ҳам барои ноором сохтани вазъи давлатҳо, шуронидани ҷомеа ва бадбахт сохтани мардум. Ягон нафар аъзои ин гуруҳи ба қавли худашон “мусалмони комил” дар бораи пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, масалан ВИЧ/СПИД, ки масъалаи ахлоқист, таблиғот намебранд. Дар бораи эҳтироми падару модар сухан намеронанд, зеро хоҷагони хориҷиашон ба ин манфиатдор нестанд. Моро месазад, ки имрӯз чунин гуруҳҳое, ки аз дини мо бар муқобили мо истифода мекунанд, парҳез кунем.

Имрӯз як идда бадбахтон дар гурӯҳҳои террористиву экстримистии нахзати ислом ва гурухи 24 ҷамъ омада, корашон кӯшиши зарар расондан ба манфиатҳои давлату миллат аст. Бадбахтии асосиашон ҳам ин аст, ки ин корро аз номи дин анҷом дода истодаанд. Аммо ин наҳзатиҳои лаънатӣ зимни пешниҳоди лоиҳаҳои тахрибкорона ба хоҷагонашон, ҳатто худашон ҳам бовар кардаанд, ки мардуми Тоҷикистон аз вазъи дохиливу хориҷӣ ва ҳадафҳои ғаразноки ин тоифа бехабаранд. Аммо мардуми шарифи Тоҷикистон огоҳанд, ки дар мамлакат наздики 5000 масҷид ба таври расмӣ фаъолият намуда, аз он 370-тояшон масҷидҳои ҷомеъ мебошад, ки дарҳояшон ҳамеша ба руи ибодаткунандагон боз аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997 Донишкадаи Исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибн Собит ба фаъолият оғоз намуд. Донишкадаи мазкур аз соли 1999-ум инҷониб узви федератсияи Донишгоҳҳои олами исломӣ мебошад, ки дар он имрӯз камобеш 1400 нафар таълимоти динӣ мегиранд. Бо вуҷуди доштани ин ҳама шароитҳои мусоид барои омӯхтани масоили динӣ, чаро фарзандони мо маҳз дар кишварҳои хориҷа, дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба қавли худ “исломшинос” мешаванд. Ин исломшиносии онҳо то куҷо оварда мерасонад? То “ДОЪИШ”? Ё то “Толибон?”, ё то ТЭТ ҲНИТ?!. Аз ин бармеояд, ки он дуруғҳое, ки наҳзатиҳои лаънатӣ (тамоми мардуми Тоҷикистон аъзои ТЭТ ҲНИТ-ро наҳзатиҳои лаънатӣ меноманд) барои ноором кардани авзои ҷомеа дар хориҷи кишвар мегӯянд, боиси маломати мардум ва хиҷолати хешовандону пайвандонашон мегардад.

Аз солҳои 1991-1992-и асри гузашта чандон замони бисёре нагузаштааст. То ҳол шоҳидонаш зиндаанд. Хонае холӣ аз ҷаноза намонда буд, модаре бе доғ аз ғами фарзанд набуд, падаре намонда буд, ки аз барои номусаш гиря накарда бошад. Касоне, ки он рӯзҳоро фаромуш мекунад ва кӯшиш мекунад мардумро аз роҳи фаромуш сохтани он рӯзҳо гумроҳ созад бевиҷдону беномус аст. Ин Ватан барои худ фарзандоне дорад, ки ҳозиру омодаанд, баҳри ободӣ ва сулҳу амониаш ҷон нисор кунанд. Бигузор ҷавонони мо ба Ватан, миллат, забон ва ниёгони сарбаланди хеш ифтихор намуда, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияту осудагии Тоҷикистони азизро мақсаду мароми худ қарор диҳанд.

Дифоъ намудан аз ҳар як зарраи обу хоки Ватан вазифаи ҳар як ҷавонмарди бо ору номуси тоҷик аст. Набояд гузорем, ки ба хотири чанд ватанфурӯш, ки аз номи дини поку муқаддаси мо ислом сӯистифода намуда, ба ҳар гуна равияҳои бегона аз қабили салафию ғайра ба сафи қувваҳои ДОЪИШ пайвастаанд, амнияти кишвар, осудагии модару хоҳар, зану фарзанд ва билохира номуси мо ба хатар афтад. Имрӯз аксарияти он нафароне ки аз кишвари мо ба ҳизбҳои террорист шомил шудаанд, пайравони равияҳои мамнуъи террористиву экстремистӣ мебошанд. Масъули сафарбаркунии ин гуруҳҳо ба сафи ДИИШ дар Тоҷикистон ТЭТ ҲНИТ мебошад. Ин бадбахтон чун диданд, ки Тоҷикистонро ноором карда наметавонанд, ба хотири нишон додани хизмати худ ба хоҷагонашон кӯшиш карда истодаанд бо роҳи фиреб ҷавонони тоҷикро ба ҷангҳои Сурияву Ироқ фиристанд ва боз модари тоҷикро дар мотам нишонанд.

ДОИШ-иён бо кӣ “ҷиҳод” мекунанд? Бо бародарони динии худ, бо мардуми осоиштаву бесилоҳ, занону кӯдакон ва пирони барҷомонда. Инҳое, ки худро ҳомии ислом мешуморанд, баръакс душманони аввалиндараҷаи ислом ҳастанд, ки онро миёни ҷаҳониён ҳамчун як дини маргталаб ва бераҳм ҷилва медиҳанд.

Дар охир бояд қайд намоям, ки барои ҳар як миллати дунё доштани Истиқлолият шараф аст. Мо насли имрӯза махсусан ҷавонону наврасони даврони Истиқлол бояд аз ин шароити мусоиди барои зиндагӣ фароҳамомада хуб истифода намуда, баҳри ободию гулгулшукуфии Ватан талош намоем. Насли ояндаи мо бояд бо падарони худ ифтихор намоянд.

Ф. Амрохон, узви ҲХДТ, ноҳияи Шаҳритуз

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg