БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР КӢ ДАСТ АЗ ҶОН БИШӮЯД, ҲАР ЧӢ БАР ЗАБОН БИОЯД БИГӮЯД

ВОКУНИШ. Тоҷикистони азизи мо рӯ ба тараққист.  Дар давоми 29 соли Истиқлолияти давлатӣ дар кишварамон дигаргуниҳои кӯлии иқтисодӣ, иҷтимоӣ амалӣ карда шуд.   Имрӯз ба кадом соҳае назар наандозем, дар он ба ғайр аз пешрафту тараққиёт чизи дигареро намебинем. Дигар дастоварди замони Истиқлолият он аст, ки ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат баробар рушду тараққӣ намуда истодаанд. Чун замони Шӯравӣ касе гиллаю ҷингила намекунад, ки фалон ҷо обод шудаасту ҷойи дигар не. Мисоли ин гуфтаҳоро дар сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бараъло мушоҳида менамоем.

Дар ҳама ҷо мардум ташрифи Пешвои миллатро интизорӣ мекашанд. Зеро аз пою қадами мубораки Сардори давлат он шаҳру ноҳия боз ҳам зебо ва боз ҳам гулгул мешукуфад. Чунки мардум Пешвои худро бо дасти холӣ пешвоз намегиранд. Ба  хотири ташрифашон биноҳои замонавии муассисаҳои таълимӣ, табобатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, маишӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигарҳоро сохта ба истифода медиҳанд. Он нукта боиси зикр аст, ки дар корҳои омодагӣ ба истиқболи  Пешвои миллат хурду калон бо як шавқу завқ иштирок менамоянд. Мебинем, ки мардум омодагиро аз хона, ҳавлӣ ва кӯчаи худ оғоз мекунанд.  Ҳамаи корҳои ободонию созандагӣ аз он ибтидо мегирад, ки мардум Пешвои худ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дӯст медоранд ва пешрафту тараққиёти мамлакатро ба сиёсати хирадмандонаи ӯ марбут медонанд.

Ана ҳамин сиёсати созанда ва бунёдкорона, ана ҳамин сол то сол пешрафту тараққиёти мамлакат, ана ҳамин ҳусну таваҷҷуҳи хосае, ки мардум нисбати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доранд, ба душманон ва хоинони  давлату миллат -   роҳбари Ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ ва  се – чор думравонаш ( шумораи онҳо аз ин зиёд нест, гарчанде худро як қувваи бузург нишон доданӣ мешаванд), Гурӯҳи - 24 ва бо ном Паймони миллии Тоҷикистон  хуш намеояд. На танҳо хуш намеояд, балки онҳоро ба ғазаб меорад. Дар ин ҳолат ғаразона чизе  ба забон ояд мегӯянд.  Ба гуфти мардум дилашонро холӣ мекунанд.

Ҳар гоҳе баромадҳои сад дар сад дурӯғу буҳтон ва  аз доираи одоб беруни наҳзатиҳоро  мехонаму мешунавам,   сухани ҳакимонаи вазир ба подшоҳ ба ёд меояд.

Шахсеро барои содир намудани  ҷиноят  ба назди подшоҳ мебаранд. Подшоҳ амр мекунад, ки ӯро ба қатл расонанд. Шахси гунаҳгор чи сухани қабеҳе  аз забон меояд, нисбати подшоҳ  баён медорад.  Подшоҳ саволомез ба вазираш нигоҳ мекунад. Маъно ин ки шахси гунаҳгор аз пас не, дар ҳузураш ба подшоҳ бадгуфторӣ мекунад.

  Вазир дар ҷавоб ба подшоҳ  мегӯяд:

  Ҳар кӣ даст аз ҷон бишуяд, ҳар чӣ бар забон ояд бигӯяд

Ин мард медонад,  ки дигар аз қатл шудан роҳи наҷот надорад. Бинобар ҳамин чизе бар забон ояд мегӯяд.

Дар муқоиса ҳаёти минбаъдаи Муҳидин Кабирӣ ва думравонаш  ба он марди гунаҳгор монандӣ дорад.  Агар он мард аз марг роҳи наҷот надошт,  хоинони миллат - Муҳиддин Кабирӣ  ва ҳамтабақонаш, ки  гуноҳҳои дар назди давлату миллат кардаашон нобахшиданист,   роҳи бозгашт ба Ватанро надоранд.   Медонанд, ки  фарзандони як модарро барои пулу вазифа шуда бо ҳам ҷанг андохтанд, барои зиёда аз як миллион одамонро ба гуреза ва бехонумон шудан маҷбур сохтанд, барои ташкили куштори фарзандони шинохтаи миллат чун  Муҳаммад Осимӣ, Сафаралӣ Кенҷаев, Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Муҳиддин Олимпур, Сайф Раҳим ва даҳҳо дигарон, барои марги зиёда 150 000  ҳазор одамони бегуноҳ, кӯшиши бо дастони генерал Ҳоҷӣ Ҳалим ба амал овардани табаддулоти давлатӣ ва бисёр ба ҳамин монанд гуноҳҳо ҷавоб гуфтанашон лозим аст.  Онҳо  инро ҳам хуб медонанд, ки дар ғарибӣ дар ёди Ватан  бо сахтиҳо ҷон медиҳанд.

Бинобар ин онҳо бо тамоми ҳастӣ кӯшиш менамоянд, ки дар байни мардум норозигӣ ба давлат ва  нооромиро ба вуҷуд биоранд. Ягона имконияти онҳо бо дастури хоҷагонашон аз сомонаҳои интернетӣ баромади ғаразона намудан аст.

Дар ҷавоби як сухани ғаразона ва иғвоангезона онҳо  даҳҳо ва садҳо ҷавоби сазовор (мушт ба даҳон)  гиранд  ҳам, дили одат карда хун мегиряд ,- гуфтагӣ барин сафсатагӯӣ ва сафсатафурӯшии худро то ба лаби гӯр  давом медиҳанд.

Халилзода Сафар Хоҷа, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg