БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАСОФА ВА ОДОБИ МУОШИРАТРО РИОЯ НАМОЕД!

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси нақша -чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ҷиҳати пешгирӣ аз пеҳншавии бемории коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар норщияи Фархор  дар деҳаи Сайёраи Ҷамоати деҳоти  «20-солагии Истиқлолияти Тоыикистон» дар доираи Аксияи ҳизбии «хона ба хона» гардиш доир намуданд.

чорабинӣ масъулин бо сардорони оилаҳо суҳбат намуда, иброз доштанд, ки вирусҳо аз шахси бемор ба шахси солим аз роҳи ҳаво, тариқи заррачаҳо ва қатра – ҳангоми атса задан ва ё сулфидан  мегузаранд. Аз ин рӯ, масофаи шумо ва бемор на камтар аз 1 метр бошад. Ба бинӣ, даҳон ва чашмонатон даст нарасонед, зеро вирусҳои сармохӯрдагӣ ва корона аз ҳамин тариқ сироят мешаванд. Ниқоб пӯшед ва ё аз воситаҳои дигари муҳофизатӣ истифода кунед, то хатари сироят коҳиш ёбад. Ҳангоми сулфидан ва ё атса задан бояд даҳон ва биниро бо дастмолҳои истифодаи якбор пӯшид ва баъдан онҳоро партофт. Худдорӣ аз сафарҳои безарурат ва рафтан ба ҷойҳои серодам хатари сироятро кам мекунад. Инчунин, аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ба сокиноне, ки бе ниқобҳои тиббӣ гаштугузор мекарданд ниқобҳои тиббӣ, маводҳои безараргардонӣ ва варақа- таъкидҳо тақсим намуданд.

Ҳамзамон, оид ба истифодабарии самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба сокинон маслиҳатҳои муфид доданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg