НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат вобаста ба самаранок истифода бурдани қитъаи заминҳои бекорхобидаи наздиҳавлигӣ дар шаҳри Норак бо сокинони шаҳр суҳбату вохӯриҳоро доир намуда истодаанд.
Дар рафти баргузории вохӯриҳо ъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Норак ба масъулин иттилоъ доданд, ки ҳар қитъаи замини худро самаранок истифода бурда, бо мақсади ба даст овардани ҳосили дилхоҳ, тамоми шароитҳои мавҷударо истифода менамоянд.
Ҳамзамон, оид ба пешгирӣ намудан аз бемориҳои сироятӣ ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои тиббиро дастрас намуданд.