ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк» оид ба тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ , аз ҷумла пешгирӣ аз ҳолатҳои коррупсионӣ, инчунин барои роҳандозии аксияҳои қарзии хурд барои зиндагии шоистаи мардум ва тарзи дурусти муҳофизат аз бемории коронавирус ҳангоми муошират бо мизоҷон, бо кормандони бонк суҳбати судманд доир намуда, ба ҳар яки онҳо барои иҷро варақаҳои иттилоотӣ ва маводҳои антисептикиро дастрас карданд. Аз ҷумла даъват ба амал оварданд, ки пайваста аз маҳлулҳои безараргардонӣ истифода намоянд ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳангоми хизматрасониҳои бонкӣ ба мизоҷон аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоянд.