ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо усули “хона ба хона” дар маҳаллаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Ҷамоатҳои шаҳраки Ҳулбук оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии КОВИД -19 миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро гузарониданд.
Дар чорабинии мазкур масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо сокинон атрофи масъалаи дар боло зикршуда суханронӣ намуда, қайд карданд, ки мунтазам дастони худро бо маҳлулҳои антисептикии спиртдор тамиз намоянд ё бо собун ва об шустушӯ намоянд.
Дар охир бошад, бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус ба сокинон маводҳои таблиғотӣ аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроия тақсимот карда шуд.