ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таъмини пешгирии хатари бемории коронавирус масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ доир ба фаҳмонидани омилҳои пешгирикунандаи бемории коронавирус бо сокинони маҳаллаи ба номи Б.Ҳакимови Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.
Дар суҳбат масъулин ҷиҳати пешгирӣ аз ин беморӣ варақаҳои иттилоотиро тақсим карда, ба сокинон оид ба истифодаи пурсамари ҳар ваҷаб замин, рӯёнидани ҳосили дилхоҳ, ки ба таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат менамояд, тавсияҳои судманд доданд.
Ҳамчунин, доир ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус гандешаронӣ карда шуда, таъкид гардид, ки риояи гигиенаи шахсӣ асоси роҳи пешгирии дилхоҳ бемории сироятӣ мебошад, аз ин хотир ҳар яки моро зарур аст, ки гигиенаи шахсиро риоя намуда, худ ва наздиконамонро аз ҳама гуна бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ дорем.