БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА ДИГАРОНРО АЗ СИРОЯТИ КОРОНАВИРУС ҲИФЗ НАМОЕД!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиматҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва ҷалби аъзои намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан” дар Ҷамоати шаҳраки Балх Аксияи хизбӣ  таҳти унвони «Аз бемории сирояти коронавирус эмин бошем!» бо усули “хона ба хона” баргузор гашта истодааст.  Ҳадаф аз ташкилу баргузории  Аксияи мазкур баланд бардоштани маърифати  шаҳрвандии сокинон аз   пешгирии паҳншавии хуруҷи дуюми коронавируси буда, аз ҷониби ҷавонони фаъолон ба аҳолӣ зиёда аз 200 адад варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуданд.

Инчунин, дар баробари  тақсими  маводҳои таблиғотӣ  намояндагони ҳизбӣ  таъкид карданд, ки  ҳар як шахсро зарур аст, ба ҳар гуна овозаҳои беасосу бардурӯғ бовар накарда, барои пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ба гигиенаи шахсӣ ва тозагии маҳал аҳамияти  ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадан, дарди гулӯ, мушкилии нафаскашӣ ва ё дигар нишонаҳои бемории зуком ба худмуолиҷакунӣ роҳ надода, ҳатман ба духтурони оилавӣ муроҷиат намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg