Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” бо ташаббуси узви фаъолии ҲХДТ, соҳибкори муваффақ Шамсов Сулаймон дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷиҳати солим нигоҳ доштани насли ояндасози миллат ва баҳри ташаккули тарзи ҳаёти солим толори болопӯшида ва майдончаи варзишӣ сохта истодааст, ки дар ин самт корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Шамсов Сулаймон ҳамчун шахси сахззоватманду ватандӯст тасмим гирифтааст,ки дар кӯтоҳтарин муҳлат, яъне дар рӯзҳои аввали истиқбол аз ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншоотҳоро мавриди истифодаи умум қарор дода, саҳми беандозаи хешро дар рушду нумуи меҳани азизамон гузорад.
Кумитаи ичроияи Ҳизби Халқии Демократии Точикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба чунин ашхоси миллатдӯст ва ватанпарвар барои дастгирии ғояҳои созандаи ҲХДТ аҳсан хонда, заҳмати ҳамешагии онҳоро дар самти дастгирӣ аз сиёсати имрӯзаи ҳизбу давлат доиман ҷонибдорӣ менамояд.