БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛОМАТИИ ҲАР ЯКИ МО ДАР ДАСТИ ХУДИ МОСТ!

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Ба хотири  татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии “Қумшоҳ”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз бо усули  “хона ба хона” оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии  (COVID - 19) ва истифодаи самараноки замин  вохӯрию суҳбатҳо гузарониданд.  

Дар рафти суҳбат масъулин вобаста ба масъалаҳои муҳим андешаронӣ намуда, таъкид карданд, ки  дар ин давраи ҳассос ҳар як шахс масъулияти  бузургро барои  ҳифзи солимии худ  ва ҷомеа бар душ дорад ва мебояд мо бо истифода  аз қоидаҳои беҳдоштӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ худ ва дигаронро аз  COVID – 19 муҳофизат намоем ва бо  ба даст овардани ҳофили фаровон рӯзгори хешро бо маводи ғизоӣ таъмин созем. Сипас, ба ҳар яки  онҳо варақаҳои иттиллоотӣ, ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ  дастрас  карда шуд.   

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg