БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛОМАТИИ ХУД ВА АТРОФИЁНРО ҲИФЗ НАМОЕД!

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати шаҳраки “Шаҳритуз” дар  маҳаллаи Рӯдакӣ, кӯчаҳои ба номи Эрҷигитов, Бурҳон Ғиёсов ва Боқӣ Раҳимзода дар якҷоягӣ бо раиси маҳаллаи Рӯдакӣ Ҳусейнов Умаралӣ бо аҳолӣ  бо усули “хона ба хона” вохӯрию суҳбатҳо оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии  (COVID - 19) ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус гузаронида,  ба онҳо варақаҳои иттилоотиро дастрас карданд. Чунин корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо максади огоҳ намудани  сокинон аз хуруҷи мавҷи дуюми  бемории сироятии коронавирус дар ҳудуди ноҳияи  Шаҳритуз пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардида, ба онҳо маводҳои безараргардонӣ, ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда мешаванд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg