Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоту муассисаҳои сатҳи Ҷамоатҳои деҳоти ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо як дили гарму ояндабинии нек ба маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омодагӣ оғоз гардиданд.
Дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти “Шӯрообод” кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб зимни баргузории суҳбат ҷиҳати расонидани ёрии методӣ ба ташкилоти ибтидоии мазкур барои омодагиҳо ба маъракаи пешазинтихоботӣ шинос гардида, ба шахсони муттасаддӣ барои хуб ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҳизбӣ, аз ҷумла маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳатҳои муфид доданд.