БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ зимни татбиқи ҳадафҳои худ ба қувваи созандаи халқ эҳтиёҷ дорад

ШАҲРИТУЗ.  Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар деҳаи Хушодии  ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назарови ноҳия бо сокинон вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Носирзода Абдукарим ва дигар кормандони масъули Кумитаи иҷроия  иштирок намуда, оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Соли тақвияти робита бо маҳал”, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дар бораи вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амнияти ҷаҳон, огоҳонидани мардум аз хатрҳои ҷаҳони муосир, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муқовимат бо коррупсия ва амалҳои номатлуби ҷомеа, рушди ҳунарҳои мардумӣ, омӯзонидани  анъанаҳои неки ниёгнон ба ҷавонон, тарбияи дурусти фарзандон дар роҳи расидан ба ватандӯстиву хештаншиносӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ баҳри пешрафту тараққиёти Ватан суханронӣ намуда, ҷамъомадагонро ҷиҳати дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои Роҳбарияти олии кишвар  раҳнамоӣ намуданд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg