БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА НАЗДИКОНАТОНРО АЗ КОРОНАВИРУС ЭҲТИЁТ НАМОЕД!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Хуруҷи марҳилаи  дуюми  бемории сироятии короновирус, ки   ҷомеаи  ҷаҳониро  ба  ташвиш  овардааст,  барои ҳар як шахс новобаста аз синну  сол  риояи  гигиенаи шахсӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ ҳатмӣ ва зарур мебошад.  Дар ин хусус бо  мақсади  ба  мардум фаҳмонидани хатару оқибатҳои бемории  коронавирус масъулини Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав   дар  деҳаи  Рӯзиобод   суҳбату  вохӯриҳоро баргузор  намуданд.

Кормандони  Кумитаи  иҷроия ба  ҳозирин  оид ба  пешгирӣ  аз  ин  бемории  ҳамагир  ҳарф зада, қайд  намуданд, ки  саломатии  мо  дар  дасти  худи  мост, барои  ин  пеш  аз  ҳама  ба  қоидаҳои  беҳдошти  оила, пӯшидани  ниқобҳои  тиббӣ, шустани  дастон  бо  собун ва  дигар  қоидаҳои  санитарӣ  риоя намоем.  Фаромӯш  накунем, ки  риояи  қоидаҳои беҳдоштӣ пешгирии натанҳо коронавирус, балки дигар намуди бемориҳои сироятӣ низ мебошад ва бемории коронавирус  табобатшаванда  буда,   моро зарур аст, гигиенаи  шахсиро риоя намоем. Ҳамчунин, дар ин раванд доир ба  истифодаи   дурусту  оқилонаи ҳар  як  ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ, кишт  ва   захираи  маҳсулоти  кишоварзӣ  вобаста  ба  вазъи   имрӯзаи  ҷаҳони  муосир  суханронӣ карда шуда, ба сокинон 130  адад  варақаҳои  иттилоотӣ тақсим  карда  шуд.

 

                                                 

 

                                         

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg