БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БУЗУРГТАРИН ТАБОБАТ ИН БА ИЗТИРОБ РОҲ НАДОДАН ВА ТО ЯК МУДДАТИ МУАЙЯН ДАР ХОНА МОНДАН АСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати  ба  сокинони  деҳаи  20-солагии  Истиқлоияти Ҷамоати деҳоти Фирӯза фаҳмонидани роҳҳои  пешгирии бемории  каронавирус   бо  усули  «хона  ба  хона»  корҳои фаҳмондадихӣ роҳандозӣ  гардида,  намояндагони ҳизби ноҳия  зимни сухбат ба сокинон таъкид  намуданд, ки  бузургтарин  табобат ин ба  изтироб роҳ надодан  ва  то як муддати  муайян дар  хона  мондан  аст. Ҳамчунин  огоҳ  намуданд, ки  қоидаҳои  беҳдоштро дар  хонадонашон  нигоҳ  доранд  ва барои  иҷро  ба онҳо  варақаҳои  тавсиявии Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  вилояти  Хатлонро тақсим намуданд. Аз  ҳар  як  нафар хоҳиш   намуданд, ки  ба  риояи  қоидаҳои  ҳолатҳои  санитариву беҳдоштии  фардӣ  ва ба  муҳити  атроф, хонаю  маҳали зисташон  пайваста  диққат  диҳанд танҳо  бо  риояи  қатъии беҳдошти   фардӣ  аз  коронавирус  раҳоӣ  ёфтан  мумкин  аст.  Инчунин, ба онҳо ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ дастрас карда, таъкид намуданд, ки  ҳангоми ба кӯча  баромад аз ниқобҳори тиббӣ  ва маҳлулҳои  безараргардонӣ васеъ истифода намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg