БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТИ ВАТАН-МОДАР ШАРАФИ БУЗУРГИ ҶАВОНМАРДИСТ

ХУРОСОН. Дар доираи Соли  шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.   Бо  усули  “хона ба хона”   кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон   дар  ноҳияи  Хуросон  бо мақсади баланд бардоштани маърифати шаҳрвандии сокинон дар деҳаи  Меҳнатобод-1 оид ба пешгирии  хуруҷи дуюми бемории коронавирус  бо  аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда, дар  рафти  вохӯриҳо  масъулин вобаста ба  хуруҷи мавҷи дуюми коронавирус  ва истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин андешаронӣ намуданд.

Инчунин, дар идомаи  суҳбат масъулин  сокинонро таъкид карданд, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоид заминҳои дар ихтирёдоштаи хешро самараноки истифода бурда, барои  фасли зимистон  маводи озуқавориро  захира намоянд ва  бо риояи  қоидаҳои  гигиенаи шахсӣ ва беҳдоштӣ худ ва дигаронро аз сироятёбии коронавирус ва дигар бемориҳои сироятӣ муҳофизат намоянд.

Сипас, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, алалхусус  ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Артиши миллӣ  барои даъвати тирамоҳии соли 2020 ҳамчун мактаби  ҷасорату мардонагӣ сухан гуфта, аз падару модарон  ва ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки  ихтиёран  ба хизмати Ватан -Модар рафта,  қарзи фарзандаии хешро  сарбаландона адо намоянд.  Дар охир  ба сокинон ниқобҳои тиббӣ, муроҷиатномаи  ҳизбӣ,  тавсияномаҳо ва маҳлулҳои  антисептикӣ дастрас  карда  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg