БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАВРАСОНУ ҶАВОНОН ОЯНДАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАНД

ТЕМУРМАЛИК.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз мулоқоти намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик бо кормандони техникии муассисаи таҳсилоти миёнаи уммумии №6-и деҳаи Чилчаи Ҷамоати деҳоти Бобоюнус баргузор гардид.

Дар мулоқот, масъулин нисбати пешгирии бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки замин, ҷалби сокинон ба корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ,   вусъати корҳои бунёдкорию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ихтиёран сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2020 ва фаро гирифтани  наврасону ҷавонон ба таълиму тарбияи  дуруст ибрози сухан намуда, аз ҷамъомадагон барои  татбиқи  масъалаҳои мазкур  даъват ба амал оварданд.

Дар фарҷом ба иштирокчиён муроҷиатномаи ҲХДТ барои пешгирии бемории сироятии COVID - 19 ва варақаи иттилоотии самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ дастрас карда шуд.

       

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg