БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЪЗОИ СИТОД БОЯД ТАШАББУСКОР БОШАНД

АНДЕША. Воқеан имрӯз кишвари Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо сарварии Пешвои муаззам хеш, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои оқилонаву одилонааш дар арсаи ҷаҳон ҳамчун як давлати ташаббускор шинохта шудааст.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод гардидани Даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор” ва аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид дастгирӣ ёфтани ин ташаббуси инсонпарварона барои ҳар як фарди тоҷикистонӣ боиси ифтихор аст.Воқеан имрӯз ҷомеаи муттамадинро бе нақш ва мавқеи ҳизбҳои сиёсӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Имрӯз дар доираи Конститутсия дар Тоҷикистон ҳизбҳои сиёсӣ озодона фаъолият намуда истодаанд, ки яке аз ҳизбҳои фаъол ва пешсафи ҷомеа Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ нақш ва мавқеи хоса дорад ва бо татбиқи ҳадафҳои барномавии худ дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ободиву шукуфоии Ватани азиз пайваста талош меварзад.

Пайванди миёни ҳизб ва мардум, ҳизб ва ҷомеа на танҳо ҳамоно устувору побарҷост, балки он сол то сол, давра ба давра дар ҳоли  густариш ёфтан аст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон воқеан ҳам ҳизби мардумӣ аст ва ҳадафаш танҳо амалӣ намудани ормонҳои мардум, созандагиву бунёдкорӣ мебошад.

Ситодҳои таблиғотии доимоамалкунанда дар сатҳи маҳал ягона ташкилоте мебошад, ки ҳадафҳои Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар сатҳи маҳал бо иштироки аъзо ва ҷонибдоронаш амалӣ менамояд. Қайд намудан ба маврид аст, ки мақсади асосии ташкил ва фаъолияти пурсамар доштани ситодҳои таблиғотии доимоамалкунандаи ҳизбӣ дар сатҳи маҳал ин пеш аз ҳама, ба ҳифзи сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ, ободкорию созандагӣ ва дастовардҳои халқи тоҷик равона гардида, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва дар сатҳи маҳал, миёни мардум баланд бардоштани ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ вазифаҳои аввалиндараҷаи мо маҳсуб меёбанд.

Ҷиҳати ноил шудан ба ин ҳадафҳои олӣ моро зарур аст, ки барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон содиқона заҳмат кашем, корҳои бунёдкориву созандагӣ, таблиғотию ташвиқотиро ба роҳ монда, корҳои ободкорию созандагиро такон бахшем ва ҳарчи бештар ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем.
Бо боварӣ изҳор менамоям,  ки Ситоди таблиғотии доимоамалкунандаи ноҳияи Ёвон дар маъракаи пешазинтихоботии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои давлату миллатро аз ҳама боло гузошта, тамоми донишу таҷриба ва кӯшишу ғайрати худро барои зиндагии орому осуда ва босаодати мардум сафарбар месозад.
Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошанд, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобастаанд.
Бояд изҳор дошт, ки бо кӯшишу талоши аҳлонаи ҳамаи мо фаъолияти ситодҳои мазкур пурзӯр гардида, нақшаҳои дарпешистода дар ояндаи наздик бартараф гардида, Тоҷикистони маҳбубамон ба як мулки воқеан обод ва кишвари пешрафта табдил хоҳад ёфт.

Саёҳат Абдуллозода, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg