ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни омма аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ оид ба пешгирии мавҷи дуюми бемории коронавирус барои амнияти саломатии худ ва наздикон бо сокинони маҳаллаи Лоҳутӣ суҳбат гузаронида шуда, ба онҳо барои маълумоти зарурӣ пайдо кардан аз ин беморӣ варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуда, таъкид гардиданд, ки бе ниқоби тиббӣ дар кӯчаҳо гаштугузор накунанд ва дар хонадонашон қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд.