БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОИНОНУ ВАТАНГУМКАРДАГОН ШАРМАНДАИ ҲАРДУ ОЛАМАНД

ВОКУНИШ. Маврид ба зикр аст, ки шахсоне ҳокимиятро бо роҳи ғайридемократӣ ва зӯрӣ дар солҳои 90-ум (солҳои вазнину фаромӯшнашаванда барои мардуми тоҷик) соҳиб шудан мехостанд, сабабгори дар ҷумҳурӣ сар задани ҷанги шаҳрвандӣ шуда, бо амалҳои хоинонаву кӯтоҳандешонаашон боиси харобии мамлакат ва куштори ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ гардиданд.

Ҳодисае, ки моҳи сентябри соли 2015 барои табаддулоти давлатӣ намуданд бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ тавассути Ҳоҷӣ – Ҳалим ба миён омад, хушбахтона ин тири заҳҳоксифатон хато хӯрдаву кӯрнамакони ватангумкардаро шармандаи рӯи олам сохт, бори дигар андешаҳои дар боло зикркардаи моро тақвият мебахшад.

Нақшаю мақсадҳои пасипардагии роҳбарони ҲНИ ва дигар аҳду паймонҳои басташудаи хонинони давлату миллат хуб шинос ҳастем ва бори дигар тавассути филми “Хиёнат” фаҳмидем, ки онҳо дар пайи ободиву шукуфоии Ҷумҳурии азизамон набудаанд ва ҳеҷ гоҳ нахоҳанд буд. Зеро бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон ҳамеша талош доранд, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро бори дигар ба хоку хун кашида, мазҳабу равияҳои дигарро ба сари мардуми мо иҷборан бор намоянд.

Таърих гувоҳ аст, ки воқеияти ҳар як ҳодисаро баъди чандин солҳо дар саҳифаҳои худ баҳогузорӣ менамояд. Воқеа ва ҳодисаҳое, ки солҳои 90-уми асри гузашта ба вуқуъ пайвастанд, аллакай баҳогузорӣ шудаанд. Ҳама он нафароне, ки дар бадбахтиҳои мардуми тоҷик даст доранд, имрӯз дар хориҷи кишвар истодаю санги маломат ба рӯи миллату меҳани худ мепартоянд. Онҳо набояд фаромӯш созанд, ки баъди сарашон фарзандони худи онҳо таърихро хонда, танҳо як хулоса мебароранд, ки волидайни онҳо шармандаи ҳарду олам ва ватангумкардаҳое буданд, ки онҳоро низ дар қатори худ шармандаву беватан карданд, ки ҳеҷ гоҳ ба некӣ ёд нахоҳанд овард ва ҳамеша нафрину лаънат хоҳанд хонд.

Дар вазъияти печидаву зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, авҷи амалҳои террористиву экстремистӣ, паҳншавии ҳаргуна бемориҳои сироятӣ ба монанди коронавирус ва ғайраҳо моро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида, ҳушёру зирак бошем. Доимо дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро ҳимоя намуда, манфиатҳои давлату миллатро аз манфиатҳои шахсиямон боло гузошта, дастгири якдигар бошем.

Мо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон якҷоягӣ зери роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Ватанро аз вартаи нестшавӣ ва миллатро аз парокандагӣ нигоҳдошта, Тоҷикистонро ҳамчун як давлати воҳид дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд, ҳамқадамем. Сиёсати созандаю бунёдкорона ва хизматҳои шабонарӯзии Пешвои миллатамонро дастгирӣ намуда, намегузорем, ки гурӯҳҳои фитнаангез ба сулҳу субот ва Ваҳдати миллии мо халал ворид созанд ва ба осудагию ҳамдилии мо монеа эҷод намоянд.

Шарифзода Гулрухсор, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg