БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ

“Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифии таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад”.

                                                                                                                                                   Эмомалӣ РАҲМОН

АНДЕША. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун муаррифгари Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эълони сиёсати “дарҳои боз” дар равобити байналмилалӣ мешиносанд. Нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи сайёҳӣ хеле бузург аст, чунки тавонистанд ба ҷаҳониён Ватани азизи моро ҳамчун давлати сайёҳӣ ва ҳамчун кишвари амнтарин муаррифӣ созанд. Сарвари давлат ба масъалаи инкишофи соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ инчунин, муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат солҳои 2019-2021-ро ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд.

Барои боз ҳам вусъат бахшидан дар ин самт Сарвари давлат зикр намуданд, ки барои бунёд намудани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва омода кардани даҳҳо ва садҳо ҳазор ҳунармандони соҳибкасб як сол кифоя нест, инчунин бо назардошти зарурати инкишофёбии инфрасохтори деҳот, Президенти мамлакам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои  2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамчун кишвари дорои 4 пайраҳаи Шоҳроҳи абрешим эътироф гардидааст. Дар ин давра бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати кишвар оид ба истифодаи самараноки захираи об аз соли 2009 дар доираи барномаи “Об барои ҳаёт” ҳамасола экспедитсияи байналмилалӣ барои фатҳи қуллаҳои “Исмоили Сомонӣ” ва “Озодӣ” ташкил ва баргузор мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи миёна беҳтарин ва бештарин имкониятҳоро барои рушди соҳа соҳиб гардида, мувофиқи рейтинги ҷаҳонии мамлакатҳо оид ба сомонаву шабакаҳои ҷаҳонӣ махсусан “BBC” (Британияи Кабир соли 2012) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эътироф гардидааст. Дар нашрияи русии маҷаллаи маъруф “Natinal Goografic” (рӯзи 28 феврали соли 2016) дар соли 2016 шоҳроҳи Помири Тоҷикистонро дар байни 10 роҳи зеботарини дунё, соли 2015 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеҳои беҳтар аз рӯи таҳлил ва Созмони Милали Муттаҳид дуюмин кишваре, ки сайёҳиаш дар ҳоли рушд қарор дорад ворид гардид. 

Соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои камхарҷу сердаромади иқтисодиёт ба шумор меравад дар иқтисодиёти кишварҳои дунё мавқеи муҳими иқтисодиро ишғол кардааст. Манфиати ин соҳаро аксарияти кишварҳо дарк намуданд ва ба ин соҳаи даромаднок аҳамияти муҳим медиҳанд. Сайёҳони хориҷие,  ки ба кишвар ворид мегарданд, хароҷотҳо мекунанд дар давлат якум даромади фирмаҳои туристӣ меафзояд ва дуюм, таъминкунандагони мол ва хизмат меафзояд дар навбати худ талабот ба мол ва хизматрасонии таъминкунандагони худ меафзояд ва даромади ҳамаи соҳаҳо зиёд мегардад, сеюм даромади худи аҳолӣ меафзояд.Эълон гардидани Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бозгӯйи пешрафт дар ин самт буда, барои таъмини ҷойи корӣ ба аҳолӣ, баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум, инчунин муаррифгари таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллиамон мебошад.

Дилноза ШОЕВА, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлилии КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg