БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА САҲМ МЕГУЗОРАНД

ҚУБОДИЁН.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён бо сокинони деҳаи Роҳи нав оид ба самаранок истифода намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.

Бояд қайд намуд, ки деҳқонони заҳматкаши ноҳияи Қубодиёни бостонӣ дар қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигии худ  босамар меҳнат карда, аз он ҳосили фаровон ба даст овардаанд ва онҳо  ният доранд бо заҳмату меҳнати софдилонаи хеш дар  таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳмгузор бошанд.

Дар баробари ин бо шаҳрвандон оид ба пешгирии бемории сироятии коронавируси навъи COVID-19 суҳбат намуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg