ҶАЙҲУН. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷумагул Шомаҳмадова, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроия Обидов Фарҳод ва дигар шахсони масъул оид ба суханронии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси умумиҷаҳонӣ дар мавзӯъи «Пешгирии терроризм ва экстремизми хушунатомез» ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор карда шуд.
Дар рафти маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Шомаҳмадова Ҷумаъгул аз суханрониҳое, ки дар Конфронси мазкур ироа гардид, ёдовар шуда, зикр кард, ки дар оғози ҳазорсолаи нав ҳудуди фаъолияти террористону ифротгароён васеъ гардида, терроризм ва ифротгароӣ херактери байналмилалӣ гирифт ва ба вабои аср табдил ёфт. Дар пайи анҷом додани амалҳои тахрибкоронаи террористон, ҳазорҳо нафар ҳалок шудаву миллионҳои дигар гуреза шудаанд, ки нигаронии амиқи ҷомеаи ҷаҳонро ба бор овардааст.
Баъдан мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи Фарҳод Обидов дар баромади худ оид ба суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеъи КИМ ҲХДТ гузориш дода, қайд кард, ки ин маърӯза аз супоришҳои мушаххас дар бораи фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ оид ба масъалаҳои вусъат бахшидани корҳои дохилиҳизбӣ, таҳкими мавқеи ҳизб дар ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии аъзои ҳизб, риояи интизоми дохилиҳизбӣ, фаъолияти таблиғотӣ, қабул ба сафи ҳизб, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.
Дар охир иштирокдорон суханрониҳои судманди масъулинро оид ба баргузории Конфронси умумиҷаҳонӣ дар мавзӯъи «Пешгирии терроризм ва экстремизми хушунатомез» ҷонибдорӣ намуданд.