БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАВРАСОН НИЗ АЗ РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС ОГОҲ КАРДА ШУДАНД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ барои иттилоотонии хонандагони синфи 1-ум аз бемории сироятии коронавирус дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 –и ноҳияи Восеъ бо хонандагоне, ки нав ба синфи 1-ум қабул шудаанд, вохӯрӣ гузарониданд.

Зимни баргузории вохӯрӣ ба наврасон роҳҳои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ва бастани мунтазами ниқобҳои муҳофизатӣ дар вақти дарс таъкид карда шуд. Инчунин, ба омӯзгорон таъкид карда шуд, ки дар вақти дарсҳо назоратро пурзӯр намуда,  нагузоранд, ки кӯдакон бе ниқобҳои тиббӣ вориди синф гарданд ва дар ҳар дарс аз маҳлулҳои антисептикӣ мунтазам истифода баранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg