БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАМИН ВОСИТАИ АСОСИИ БЕҲДОШТИ ЗИНДАГИИ СОКИНОН БА ШУМОР МЕРАВАД

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони   Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав вобаста  ба  истифодаи  самараноку оқилонаи ҳар  як  ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ,  заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, кишти такрорӣ, рӯйёнидани ҳосили  баланд   ҳамчунин   роҳҳои  пешгирикунандаи  бемории  сироятии  коронавирус, истифодаи  ниқобҳои  тиббӣ, риояи ҳатмии  беҳдошт     бо сокинони  деҳаи  Бешкенти Ҷамоати  деҳоти  Истиқлол  бо  усули  «хона  ба хона» чорабинии ҳизбӣ  баргузор  намуданд.

Дар чорабинии мазкур масъулин  сокинонро таъкид  намуданд, ки қоидаҳои  беҳдоштиро дар  хонадонашон  нигоҳ  доранд  ва барои  иҷро  ба онҳо варақаҳои  тавсиявӣ  ва таъкиди Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  вилояти  Хатлонро тақсим карданд.

Бо  мақсади  расонидани  кумак вобаста  ба  безарагардонӣ  аз  ҳисоби  Кумитаи  иҷроия маводи  безаргардонии маҳлули хлор ва 140  адад  ниқобҳои тиббӣ   дастраси  сокинон  карда шуд, ки аз ин иқдоми  неки ҳизбиён  истиқоматкунандагон руҳбаланд гардида,  миннатдории хешро изҳор доштанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg