БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ ҶОМЕА АЗ СОЛИМИИ ОИЛА ВОБАСТАГӢ ДОРАД

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  оид ба пешгирии мавҷи дуюми бемории коронавирус ва самаранок истифода намудани заминҳои корам пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.
Бо ин мақсад  дар Ҷамоати шаҳраки Балх бо усули “хона ба хона” бо сокинон вохӯриҳо баргузор намуда, фаҳмониданд, ки қоидаҳои беҳдоштро дар хонадонашон нигоҳ доранд ва барои пешгирии беморӣ ба онҳо варақаҳои тавсия тақсим намуданд. Инчунин, ёдовар шуданд, ки бештар ба гигиенаи шахсӣ риоя намуда,  аз иштирок дар ҷойҳои серодам ва ҳар гуна ҷамъшавиҳои  безарурат роҳ надиҳанд, аз ниқобҳои яккарата истифода баранд, дастон бо собун шӯянд, зеро солимии ҷомеа аз солимии оила вобастагӣ дорад.
Ҳамзамон, мохияти  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъи ноустувори ҷаҳони муосир дар шароити шиддат ёфтану афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ, аз ҷумла вируси «СОVIД-19» корҳои мушоҳидавию фаҳмондадиҳиро намояндагони ҳизбӣ ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар қиъаи замини наздиҳавлигӣ, заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва президентӣ ташкили кишти зироатҳои хӯрока, ҷамъоварии ҳосили баланд ва захираи онро ба ҷамъомадагон  фаҳмониданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg