БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КИТОБ МАНБАИ ДОНИШ АСТ

АНДЕША. Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро чун «Фурӯғи субҳи доноӣ» ба қалам додааст. Инсон метавонад ба воситаи китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсат ва иқтисодиёти мамолики зиёд ошно гашта, оламро бо тайёраи андеша сайр намояд.

Таърихи пайдоиши китоб ба пайдоиши хат ва забон, санъат марбут аст. Баъди зуҳури хат одамони қадим имкон пайдо карданд, ки дар рӯи санг, чӯб, сафол, барги дарахтон, устухонҳо, пӯсти ҳайвонот нақш офаранду нависанд. Хулоса, бо мурури замон дар натиҷаи ихтирои коғаз назми нави китобдорӣ ҷорӣ гардид. Акнун ба ҷои сангу чӯб аз коғаз васеъ истифода мебурданд. Китоб асосан навиштаҷоти варақҳои ҷилдшуда, воситаи интишоргардонӣ ва нигаҳдории маълумот, идея, об­раз ва донишхо мебошад. Аввалин дастнависҳо, ки дар Мисри Қадим пайдо шудаанд, ба таърихи ҳазораи то мелод алоқаманданд.     

Дар Аврупо низ китобчопкунӣ аз варақҳои яклухт баъд ба пӯст ва ниҳоят ба коғаз гузашт. Китоби «Авесто» низ аввал дар пӯсти гов навишта шудааст. Асрҳои миёна дар Осиё санъати хаттотӣ хеле рушд кард. Асарҳои мутафаккирон Абурайҳони Берунӣ, Форобӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Ҷомӣ, Навоӣ аз ҷониби хушнависон иншо гардида, насл ба насл гузаштанд. Хушбахтона, китобҳои сафолину сангӣ ва нақши рӯи чӯбҳо то замони мо расида, имрӯз зиннати осорхонаҳои муътабари ҷаҳонианд.  

Осори классикон низ тавассути китоб то замони мо эҳё гардида, олами тафаккури мардумро мисли субҳ равшан мекунад. Агар дақиқтар андеша кунем, китоб рафиқи ҷонии инсон аст. Дар лаҳзаҳои вазнини ҳаёт, бахусус танҳоӣ китоб дар бари мост. Ин андеша дар шеъри Ҷомӣ хеле равшан ва бамаврид ифода ёфтааст:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест.

Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.

Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,

Сад poҳaтe ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Халқи тоҷик аз шумораи он халқҳоест, ки ба китобу китобдорӣ эҳтиром ва эътиқоди хосса дорад. То омадани ислом ва истилои арабҳо низ аҷдодони мо анъанаи хуби китобнависӣ доштанд. Аз он давра ёдгориҳои хаттие, мисли «Авесто», «Дарахти ассурик» боқӣ мондаанд.

Махсусан, дар замони салтанати Сомониён барои рушду камо­лоти сухан ва анъанаи китобдорӣ заминаҳои мусоид фароҳам омад. Дар Бухорои давраи Сомониён китобхонаи калони давлатӣ бо номи «Ганҷинаи ҳикмат» амал мекард. Хушбахтона, имрӯз дари китобхонаҳои бошумули ҷумҳуриамон ба рӯи ҳамаи ниёзмандон боз acт.

Воқеан, дар ягон давру замон ғизои маънавии зиндагии  paнгинpo бе китоб наметавон тасаввур намуд. Ба таъбири халқ: «Хонаи бе китоб рӯзи бе офтоб» аст. Хушбахтона, ин анъанаи неки гузаштагон, яьне санъати китобдориву сухансозӣ имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриётҳои давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешавад.  

Оре, «ганҷ магир - китоб гир» - мегӯянд. Ганҷ агар масраф гашта, ба итмом расад, китоб як умр чун ёри бовафо ва беозор боқӣ хоҳад монд: 

Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб,

Ёри бе заҳмату озор китоб аст, китоб.

Умедаи Акрамзода, масъули пахши сомонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg