Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон семинари дастурдиҳӣ зери унвони "Таҳлилу омӯзиши салоҳиятнокии занон ҷиҳати баланд бардоштани хулқу атвори онҳо" бо иштироки мудирони кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардид.
Қурбонгул Раҷабзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, дар мавзӯи зикршуда маърӯза намуда, аз ҷумла, қайд кард, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолияти занон назаррас арзёбӣ мегардад. «Занон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ кор карда, солҳои охир шумораи онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда афзуда истодааст. Бо вуҷуди ин, моро зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани мақому манзалати зан – модар аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода барем", – афзуд ӯ.
Номбурда аз мудирони шуъбаҳо даъват ба амал овард, ки барои ривоҷ додани ҳунарҳои мардумӣ миёни бонувон дар ҳамкорӣ бошанд, то онҳо ҳунарҳои аз ниёгон бозмондаро дубора ривоҷ диҳанд. Ӯ ишора кард, ки соҳибкорӣ дар ин самт аз ҳама гуна андоз озод аст.
“Шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои тобеъ гурӯҳи фейсбукии “Ҳунармандони ҳизбӣ”-ро таъсис додааст, ки дар он то имрӯз аз ҷониби мудирони шуъбаҳои кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо маҳсули дасти ҳунармандон дар ҳаҷми 170 мавод бо нишон додани арзиш ва макон ҷой дода шудааст”, – гуфт Қ. Раҷабзода.
Гулчеҳра Наимова, намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар мавзӯи «Нақши занон дар ҷомеа» баромад намуда, қайд кард, ки дар вилоят беш аз 1 миллиону 600 ҳазор зан ҳаёт ба сар мебаранд, ки аз ин шумора 965 ҳазор нафар бонувон дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият намуда истодаанд. Шумораи ходимони илм аз ҳисоби занон 387 нафарро ташкил медиҳад.
Дар мавзӯи “Тарбия намудани занону бонувон ба ҳаёти мустақилона” намоянда аз сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати Вазорати адлияи ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон Адиба Олимзода дар ҳузури иштирокдорон маърӯза намуд. Ӯ гуфт, ки ҳоло масъалаи пошхӯрии оилаҳо ҳамагонро нигарон кардааст ва агарчи мақомотҳои муваззаф корҳои омӯзиширо дар ин самт ба роҳ мондаанд, вале ин мушкил то ҳол роҳи ҳал мехоҳад.
Ибодат Ғаффорзода, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон, дар мавзӯи "Тарбия – падидаи иҷтимоӣ" сухан ронд. Қайд намуд, ки ҳамасола шумораи духтарон барои ба таълим фаро гирифтан дар муассисаҳои таълимӣ афзуда истодааст, ки ин гувоҳӣ аз ҷалби онҳо ба илму дониш медиҳад. "Агар солҳои пеш бархе аз духтарон аз сабаби камдонишӣ ва ё дигар маҳдудиятҳо ба таълим фаро гирифта намешуданд, вале бо ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ ва бунёди муассисаҳои наву замонавӣ, фароҳам овардани шароити муносиб ин мушкилӣ то ҷойе ҳалли худро пайдо кард," – илова кард вай.
“Ҳоло нақши занон дар ҳама сохторҳои вилоятӣ назаррас буда, онҳо дар таҳкими ғояҳои давлатдорӣ, пешбурди сиёсати олии Раиси муаззами ҲХТД муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми намоён мегузоранд”, – зикр кард Мунаввараи Бозоралӣ, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб.
Дар анҷоми чорабинӣ миёни мудирони шуъбаҳои кор бо занон ва оилаи КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо бобати ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта табодули назар сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон