
А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади омодагиҳо ба интихоботи қарибулвуқуъи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муташаккилона гузаронидани маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” ва дуруст ба роҳ мондани корҳои ҳизбӣ дар самти ҳуҷҷатгузорӣ, аъзошавӣ ба ҲХДТ ва таблиғу ташвиқ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус бо мақсади ҷонибдорӣ намудан аз сиёсати бунёдкоронаву сулҳпарваронаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ноҳиявии ҳизбӣ мулоқоту вохӯрии судманд доир намуд.
Дар вохӯрии мазкур баъди баррассии масъалаҳо ва баромадҳои фаъолони ҳизб ба раис ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Калинин” оид ба маҳалли зист, барои пеш аз муҳлат иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва барои саҳми арзанда гузоштан дар амалӣ намудани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ба фаъоли ҳизб ва соҳибкори ноҳия Қузибоев Умед Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон тақдим карда шуд.