
ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи дастури мақомоти болоии ҳизб ва амалии қисмати Аксияи хизбӣ таҳти унвони «Ниёзмандонро сарпаноҳ мешавем» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун ва бо иқдоми роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зарзамин” Шарифзода Исмоил ба 1 оилаи ниёзманд кумаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.
Оилаи ниёзманди ҷомеа дар навбати худ аз ғамхориҳои пайвастаи ҲХДТ ва ташкилоти ибтидоии “Зарзамин” изҳори миннатдорӣ намуд.