![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20180507_103022.jpg?itok=Fc5W69U_)
ХУРОСОН. Дар деҳаи Челониҳои ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат, мудири шуъбаи ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Подшоқулов Парвиз, раиси деҳаи Челониҳо Иброҳимов Мирзошариф ва аҳли ҷамоатчигии деҳаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Азизова Сабоҳат оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати пешгирифтаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин, дар самти шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд ва дигар мавзӯҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.