ХОВАЛИНГ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг дар арафаи иду ҷашнҳои давлативу миллӣ дар асоси дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону маъюбон, шахсони яккаву танҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои ниёзманди ҷомеа дасти кӯмак дароз намуда, ба онҳо ёрии молиявию моддӣ мерасонад.
Ин амали ҳизбиёнро сокинони ноҳия хуб пазируфта, аз сиёсати ятимпарваронаи Сарвари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимӣ изҳор менамоянд.
Ин навбат иқдоми хайрхоҳонаву ватандӯстонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг бахшида ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба аёдати се нафар собиқадори ҷангу меҳнат Аҳёхоҷа Мирзоев, Гулнози Шодии 26 солаи маъюб ва ҷавони яккаву танҳои ба бемории руҳӣ гирифтор Пӯлод Миров рафта, ба онҳо ёрии яквақтаи молиявӣ расонида шуд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг вобаста ба имкониятҳои молиявӣ чунин амали хайрхоҳонаро дар арафаи иду ҷашнҳо минбаъд низ идома хоҳад дод.