БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии “Зарзамин” хониши сиёсӣ баргузор гардид. Дар рафти чорабинии ҳизбӣ вобаста ба рафти коргузорӣ, муқоисакунонии аъзои ҲХДТ, обунашавӣ ба ҳафтаномаҳои ҳизбии “Ҳамрози халқ” ва “Минбари халқ” ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ баррасӣ карда шуданд.

Зимни суҳбат масъулин вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон — манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷик миллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg