БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН КАФИЛИ БЕҲДОШТИ ЗИНДАГИСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  ҷиҳати  ба  сокинон фаҳмонидани роҳҳои  пешгирии бемории  каронавирус  самаранок  истифода  бурдани  заминҳои  наздиҳавлигию  кишоварзӣ   дар  деҳаи   44-Чашмаи Ҷамоати  деҳоти  Истиқлол  бо  усули  «хона  ба хона»  вохӯриҳо баргузор  намуда,   сокинонро таъкид  доштанд, ки қоидаҳои  беҳдоштро дар  хонадонашон  риоя намоянд, ҳангоми  зарурати  ба  кӯча  баромадан  ҳатман  ниқоби тиббӣ   дошта  бошанд.  Барои  огоҳ  шудан ба онҳо варақаҳои  тавсиявӣ ва муроҷиатномаи Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  вилояти  Хатлонро тақсим намуда, ёдовар  шуданд, ки бештар  ба  гигиенаи  шахсӣ риоя карда,  аз  иштирок дар  ҷойҳои  серодам  худдорӣ  намоянд.

Ҳамчунин, ба  сокинон  ҷиҳати истифодаи   дурусту  оқилонаи ҳар  як  ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ, кишт  ва   захираи  дусолаи маҳсулоти  кишоварзӣ,  инчунин  бо аъзои  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  ҷиҳати  бекор  намондани заминҳои  дар  ихтиёрашон    бударо  вобаста   аз  дастуру  супоришҳои Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  вобаста ба вазъи   имрӯзаи  ҷаҳони  муосир  ва ташкили  кишти  такрории зироатҳои  кишоварзӣ  андешаронӣ карда,  қайд  намуданд, ки  истифодаи  самараноки  замин кафили  беҳдошти  зиндагист.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg