
ВОКУНИШ. Имрӯзҳо хоинони давлату миллат, бахусус ТТЭ ҲНИ нақшаҳои бадхоҳонаи худро обу ранги дигар дода гумон доранд, ки ин нақшаҳои бадхоҳонаи онҳо нисбати миллату давлат аз ҷониби мардум дастгирӣ меёбаду аъмоли касифонаи солҳои 90-уми асри гузашта содирнамудаи худро боз такрор намоянд. Хушбахтона, мардуми шарифи Тоҷикистон ин нияти бади онҳоро фаҳмида, бар зидди наҳзатиҳо бархостанд, зеро ҷиноятҳои зидиинсонӣ ва зиддимиллии ин ташкилоти террористӣ сабаби ҷанги шаҳрвандӣ гардида, боиси марги садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар ва гуреза шудани миллионҳоро ҳеҷ фаромӯш нахоҳанд кард.
Қайд намудан бамаврид аст, ки филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” дар замоне намоиш дода шуд, ки душманони миллат тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ба бадномсозии давлати тозаистиқлоли мо талош дошта, ҳар гуна хабари дурӯғу иғвоангези худро пахш намуда истодаанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус насли ҷавони кишвар тавассути филми “Хиёнат” аз амалу кирдорҳои ноҷавонмардонаи ТТЭ ҲНИ огоҳ шуда, аз забони худи аъзои онҳо амалҳои манфури ин душманони миллатро дар таърихи на чандон дури халқи худ диданд ва шунавиданд.
Саркардагони ҷиноятпешаи ташкилоти террористии ТТЭ ҲНИ, ки имрӯзҳо дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд, дар мубоҳисаю баромадҳои худ дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо нақзи созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳокимияти феълиро гунаҳкор менамоянд. Ҳол он ки аксарияти қонуншиканиҳо ва ноором сохтани вазъи ҷомеа аз ҷониби аъзо ва раёсати ТТЭ ҲНИ коргардонӣ шудааст. Аз ин рӯ, дар поймол кардани принсипҳои созишномаи сулҳ низ маҳз аз ҷониби худи ин ташкилоти террористӣ мавриди роҳандозӣ мегардид. Равшантарин далели он Абдуҳалим Назарзода аст, ки бо дастури ТТЭ ҲНИ даст ба силоҳ бурд ва боиси куштору хунрезӣ гардид. Роҳбарияти фирории ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар аз дини мубин ислом суистифода карда, бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон аз худ чеҳраҳои сиёсӣ мушкилосонкун вонамуд менамоянд. Вале дигар аҳли ҷомеа, бахусус мардуми шарифи Тоҷикистон найрангҳои шуморо медонанд ва ҳеҷ гоҳ дигар шуморо дастгирӣ намекунанд.
Наҳзатиҳо аз миллату мазҳаб ҳарф мезананд, вале аввалин хиёнаторо ба миллату мазҳаб кардаанд. Хиёнати ТТЭ ҲНИ ба миллат он аст, ки ба хотири пулу мол иродаи кишварҳои бегонаро зидди миллату Ватани худ амалӣ намуда, бозичаи сиёсӣ дар дасти доираҳои хориҷии манфиатдор гардидаанд. Наҳзатиҳо динро ҳам ба омили хатарноки ҷомеа табдил доданд.
Дар таърихи давлатдории мо тоҷикон баъд аз шикасти аҳди Сомониён дар тӯли таърихи ҳазорсолаҳо дигар мо натавонистем давлати миллӣ дошта бошем. Хушбахтона, имрӯз мо Истиқлолияти давлатии худро эълон намуда, давлати миллии худро бунёд намудем. Дар 29 соли Истиқлолияти давлатии ба даст омада борҳо шоҳиди хиёнат гардидем, ки ҳамаи онҳо аз тарафи наҳзатиҳо сар заданд. Имрӯз ҳар фарди миллатро зарур аст, ки чунин амали ноҷавонмардонаро маҳкум намояд ва ҳамагӣ дастаҷаъмона ин арзишии олии сиёсӣ Истиқлолияти давлатиро ҳифз намоем ва пояҳои онро таҳким бахшем. Ва ба ҳеҷ як ташкилот ва гурӯҳҳои ҷоҳталабонаю мақоматхоҳонаи душманони миллату Ватан ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳем, ки барои аз байн бурдани давлати тозаистиқлоли тоҷикон талош варзанд.
Имрӯзҳо тамоми мардуми кишварамон дар фазои сулҳу оромӣ ба сар мебаранд ва зина ба зина иқтисодиёти кишварамон рушд карда масъалаҳои иҷтимоӣ ҳалли худро пайдо карда истодаанд. Ҳамаи мушкилотро мо танҳо дар сулҳу осиштагӣ бароварда карда метавонем.
Аз ин ҷиҳат ҳар як фарди миллатро зарур аст, ки масъулиятшиносона ва содиқона вазифаи худро анҷом диҳад, сулҳу суботи кишварамонро чун гавҳараки чашм ҳимоя намоем ва бар зидди душманони миллат, бахусус роҳбарияти фирории ТТЭ ҲНИ мубориза барем. Ба ҳар амалҳои ноҷавонмардона ва бадгӯиҳои онҳо, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳаққи фарзандони бедордилу ватандӯсти кишвар, ки имрӯзҳо барои рушду пешравии он шабу рӯз пайваста заҳмат мекашанд, бетараф набошем, барои саркӯбу хомӯш намудани туҳмату буҳтонҳои онҳо вокунишҳои фаврӣ нишон диҳем, ҳушёрӣ ва зиракиву худшиносиро аз даст надиҳем ва барои пешгирии ифротгароӣ дастаҷаъмона мубориза барем. Нагузорем, ки туҳмату бадгуфториҳои ноадолатона нисбати миллату давлатамон беҷавоб монад.
Холиёр Ҷумаев, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав