
ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “хона ба хона” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон дар деҳаи Ҳақиқат-2 гузаронида шуд, ки дар он намояндагони ҳизбӣ доир ба пешгирии мавҷи дуюми бемории коронавирус сокинонро огоҳ сохта, таъкид карданд, ки нисбати ин беморӣ бепарво набошанд ва ҳатман қоидаҳои беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсиро чӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва чи дар оила ҳатман риоя намоянд.
Дар рафти суҳбат ба сокинон ниқобҳои тиббӣ, муроҷиатномаи ҳизбӣ, тавсияномаҳо ва маҳлулҳои антисептикӣ дастрас карда шуданд, ки онҳо аз ин иқдоми неки ҳизбиён изҳори миннатдорӣ баён доштанд.