БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҚДОМИ НЕКИ ВАКИЛОН ШОИСТАИ ТАҲСИН АСТ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг Азизулло Муродов аз шахсони саховатпеша, инсондӯст ва хайрхоҳест, ки дар пайравӣ аз сиёсати ятимпарварона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи санаҳои мубораки сол дасти кумак ба ятимон, барҷомондагон ва дигар шахсони муҳтоҷи ёрӣ аз оилаҳои ниёзманд  дароз менамояд.

Дар арафаи соли нави хониши 2020  - 2021 Азизулло Муродов  ба 6 нафар кӯдакони ятим ва муҳтоҷи ёрӣ либоси мактабӣ ва асбобҳои хониш харидорӣ карда,  ба толибилмони эҳтиёҷманд дар оғози соли нави таҳсил туҳфа намуд.

Оре, ӯ ба ин амали хайрхоҳонааш савоби азимеро соҳиб шуда,  итиминони комил дорем дигарон ҳам, онҳое, ки дорои чунин имконият ҳастанд  дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст ба амали хайру савоб мезананд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg