БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ КОВИД -19 КОРИ ҲАМАГОН АСТ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус  бо усули “хона ба хона” бо бошандагони кӯча, маҳалла ва деҳаҳо суҳбатҳо доир намуда, онҳоро барои риояи талаботҳои беҳдоштӣ  роҳнамоӣ мекунанд. Чунин суҳбати судманд бо сокинони  кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии  шаҳраки Ховалинг гузаронида шуд, ки дар он бештар аз 82 нафар соҳибхонаҳо  иштирок намуданд.

Дар суҳбатҳо ба иштирокдорон фаҳмонида шуд, ки бемории Ковид -19  дар ҷумҳурӣ пурра аз байн бурда нашудааст. Ҳоло ин беморӣ дуюмбора  хуруҷ намуда, мардум набояд бепарво бошанд. Ҳар як шахсро мебояд, ки талаботҳои беҳдоштии шахсӣ ва ҷамъиятиро қатъӣ риоя намуда, ба  паҳншавии он роҳ надиҳад.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg