БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ДОШТА БОШЕД

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ дар Ҷамоати шаҳраки Фархор дар доираи Аксияи ҳизбии «хона ба хона» гардиш доир намуданд.

Масъулин ҳангоми суҳбат иброз доштанд, ки дар миёни воситаву василаҳои зиёди беҳдоштӣ бо худ доштани ниқоби тиббӣ ҷойгоҳи муҳим дорад. Ин василаест, ки хатари сироят ба вирусро коҳиш медиҳад. Ниқобҳои тиббиро барои узвҳои нафаскашӣ дар ин ҳолатҳо истифода мебаранд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки тарзи ҳаёти солим организмро ба муқовимати вирусҳо омода месозад. Риояи ҳама гуна қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла низоми хоб, истеъмоли ғизоҳое, ки сафедаҳои зиёд, витаминҳо ва моддаҳои минералӣ доранд ва фаъолнокии ҷисмонӣ хавфи сироятро коҳиш медиҳад. Инчунин, аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроия ба як қатор оилаҳои ниёзманд ниқобу маводҳои безараргардонӣ ва варақаҳои таблиғотӣ тақдим карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg