БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭҲТИЁҶМАНДОН ҲАМЕША ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар партави сиёсати хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб  дар арафаи соли нави таҳсил ба мактаб интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кӯлоб амалҳои хайривӣ, аз қабили либоси мактабӣ, пойафзол ва дигар лавозимоти хониш ба 150 нафар ятимону барҷомондагон, шахсони яккаву танҳо ба ин боргоҳ анҷом дода шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор ва директори мактаб- интернати ёрирасон №1 Бадарғаева Сурайё  ба сухан баромада, зикр намуданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ятимонро ҳамеша зери таваҷҷуҳи худ қарор дода, дар ҳар як сафари кориашон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат пеш аз ҳама бо ятимон суҳбату вохӯриҳо доир намуда, аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон мешаванд ва пайваста ин табақаҳои ниёзмандро дастгирӣ менамоянд.

Дар рафти супоридани либосҳои мактабӣ ятимон бениҳоят руҳбаланд шуда, аз ғамхориҳои падаронаи бевоситаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg