БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ ВАТАН АЗ ОБОДИИ МАҲАЛ САРЧАШМА МЕГИРАД

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни барои миллати тоҷик муқаддасту таърихӣ 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Зарриндашт”-и деҳаи Зарриндашти Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова чароғонкунии  шоҳроҳи калони деҳа ва роҳравҳои дохили он бо маром идома дорад.

Ин навбат хурду калони деҳаи мазкур дастаҷамъона ба ҳашари умумӣ баромада, аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи маҳала деҳаи хешро чароғон намуданд.

Иқдомҳои дигари ҳизбиёни деҳаи Зарриндашт то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ идома дошта, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  иқдоми сокинонро давоми иқдомҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg