
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси амру супоришҳои Роҳбари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сохторҳои болоии ҳизбӣ оид ба самаранок, оқилона истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.
Масъулин зимни баромад вобаста ба роҳ мондани кишти такрорӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, захираи дусолаи маҳсулоти озуқаворӣ, гирифтани на камтар аз ду ҳосил дар як сол аз заминҳои корам ба сокинон маслиҳату дастурҳои мушаххас доданд.