БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО МЕҲНАТИ ХУД ҲОСИЛИ ДИЛХОҲ БА ДАСТ МЕОРЕМ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ бо сокинони маҳаллаи  ба номи Қ.Умари Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” корҳои оммафаҳмонӣ баргузор карданд.

Дар баробари гузаронидани суҳбату вохӯриҳо масъулин аз ҳавлиҳои сокинон дидан намуда, ҷиҳати истифодаи самараноки қитъаи заминҳои корами ҳавлӣ ва Президентии шаҳрвандон, гузаронидани кишти такрорӣ, ҳосилхез намудани заминҳо ва бо ин мақсад таъмини аҳли оилаи худ ва бозори истеъмолӣ бо сабзавоти тару тоза ва хушсифати ватанӣ маслиҳатҳо доданд.

Ҳамчунин дар охир ба сокинон барои иҷрои пешгирии беморӣ варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуда, онҳоро даъват, карданд, ки қоидаҳои беҳдоштиро дар оилаҳояшон нигоҳ доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg