
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Сулҳободи Ҷамоати деҳоти Тугарак бо мақсади бархурдор намудани сокинон аз мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ бо усули “хона ба хона” баргузор гардид.
Масъулини ҳизбӣ дар суҳбат бо сокинон доир ба истифодаи самараноки қитъаи заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон ва дигар намуди заминҳо, кишти такрории саривақтӣ, ҳосилнок намудани зироатҳо ва риояи омилҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди коронавирус андешаронӣ карда, ҳамагонро ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, баланд бардошани ҳосилнокии замин ва аз ин ҳисоб таъмини маводи озуқаворӣ ҳидоят намуданд.
Дар охири чорабиинӣ ба сокинон варақаҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд.