БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ - таблиғгари бунёдкориву созандагӣ дар кишвар

ҲАМАДОНӢ. Раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Исмоил Гадоев бо фаъолони маҳаллаи Фирӯз Раҳматови ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳия вохӯрӣ баргузор намуд.

Мавсуф дар вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», маҳкум намудани ҳисси хурофоту бегонапарастӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятии ВИЧ/СПИД, сил, гепотит суханронӣ кард.

6 нафар фаъолони маҳаллаи номбурда ба унвонии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  аризаҳои хешро барои пайвастан ба сафи ҲХДТ пешниҳод намуданд, ки аризаҳои онҳо аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоев Исмоил пазируфта шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg