БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони маҳал ҳидоятҳои Пешвои миллатро дар Конфронси умумиҷаҳонии «Пешгирии терроризм ва экстремизми хушунатомез» ҷонибдорӣ намуданд

ФАРХОР. Мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо хонандагони синфҳои 10-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №43 ва 44-и ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор баргузор гардид.

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиҷон Назаров оид ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи ҷаҳоникунонии об, баргузор гардидани  Конфренсияи умумиҷаҳонӣ дар мавзӯъи «Пешгирии терроризм ва экстремизми хушунатомез» суханронӣ намуда, аз ҷамъомадагон баҳри ҳифзи марзу буми кишвар, ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳурмати калонсолон, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва расидан ба қадри Ваҳдати миллӣ даъват ба амал овард. Дар охир чанде аз иштирокдорон аз Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба “Пешгирии терроризм ва экстремизми хушунатомез” андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки мо мардуми шарафманди тоҷик суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем ва ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир саҳми арзанда хоҳем гузошт.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg